Duration 6:22

Муродбек Насриддин - Аз махалбозии мо иллат ба миллат мерасад

72 004 watched
0
470
Published 14 Sep 2021

Муродбек Насриддинов / Муродбек Насриддин Дар чахон аз дасти бе шавкат, нигахдорад Худо Чумларо аз пои бетоат нигахдорад Худо Одам аз чамъяти ангушт ёбад зури мушт Аз парешонии чамъият нигахдорад Худо Аз махалбозии мо иллат ба миллат мерасад Миллати моро аз ин иллат нигахдорад Худо Нашканад то аз алифбои ниёгонам хумор, То наёбам чашмхои Рудакиро нурбор, То насозам зинда хар чизе,ки бошад ёдгор, Ман нахонам хештанро точики бо нангу ор, Ман нахонам хештанро аз нажоди точдор. То нахонам маснавии "Маънави"-и Мавлави, То нахонам харфи "Куръон" бо забони пахлави, То наёбад дарди миллат дар сурудам мухтави, Ман нахонам хештанро точики бо нангу ор, Ман нахонам хештанро аз нажоди точдор. То напайвандам Зарафшону Бадахшонро ба хам, То напайвандам Хучанду Вахшу Хатлонро ба хам, То насозам чамъ ин халки парешонро ба хам, Ман нахонам хештанро точики бо нангу ор, Ман нахонам хештанро аз нажоди точдор. То наорам дар сукунат рахна аз фарёди худ, То нагардам рах ба рах дар зиндаги устоди худ, То набошам вориси арзандаи ачдоди худ, Ман нахонам хештанро точики бо нангу ор, Ман нахонам хештанро аз нажоди точдор.

Category

Show more

Comments - 62